Ссылки доступа

Вазорати адлияи Қазоқистон бори 16-ум сабти номи ҳизби "Алға Қазоқистон"-ро рад кард


Вазорати адлияи Қазоқистон бори дигар сабти номи ҳизби сиёсии "Алға Қазоқистон"-ро рад кард. Ин бори 16-ум аст, ки вазорат сабти номи ҳизбро рад мекунад.

Ин бор вазорат гуфтааст, номгӯи гуруҳи ташаббускори таъсиси ҳизб ба талаботи қонун ҷавобгӯ нест. Бо ин вуҷуд, мақомдорони вазорат нагуфтаанд, ки номгӯ маҳз ба кадом талабот ҷавобгӯ нест.

Ҷонибдорони ҳаракат 5 июл номгӯи иборат аз 3101 касро ба вазорат пешниҳод кардаанд. Дар ҳоле, ки талаботи қонун ҳамагӣ 700 кас аст.

XS
SM
MD
LG