Ссылки доступа

Роҳбари намояндагии БАБР дар Узбекистон нав шуд


Шаҳрванди Албанияву Бритониё Анди Аранитаси ба ҳайси мудири намояндагии Бонки аврупоии бозсозӣ ва рушд (БАБР) дар Узбекистон таъйин шуд. Вай 1 сентябр ба иҷрои вазифаҳояш мепардозад.

Анди Аранитаси дар ин мақом Алкис Дракиносро иваз мекунад, ки БАБР-ро дар Узбекистон аз соли 2017 роҳбарӣ мекард.

Узбекистон соли 1992 узви БАБР шуд. Соли 2003 бонк маблағузориашро ба Узбекистон коҳиш дод. Роҳбари бонк он сол дар як нишаст дар шаҳри Тошканд роҳбарияти Узбекистонро дар худкомагӣ, иҷро накардани ислоҳоти иқтисодӣ, фишор ба озодии баён ва шиканҷа дар зиндонҳо айбдор карда буд.

Бонк дар соли 2010 сармоягузориашро дар Узбекистон комилан қатъ кард.

БАБР фаъолияташро дар Узбекистон дубора соли 2017 ба роҳ монд ва дар шаҳри Тошканд намояндагӣ боз кард.

То имрӯз БАБР дар Узбекистон дар 144 тарҳи иқтисодӣ 4,3 млрд доллар сармоягузорӣ кардааст.

XS
SM
MD
LG