Ссылки доступа

Узбекистону Қазоқистон аломатгузории марзро ба поён расониданд


Аломатгузории марзи давлатӣ байни Узбекистон ва Қазоқистон ба поён расид. Дар ин бора Ойбек Смадияров, намояндаи расмии вазорати корҳои хориҷии Қазоқистон хабар дод.

Ба гуфтаи вай, созишнома байни ду кишвар рӯзи 4 июл ба иҷро даромад.

"Созишнома рӯзи 2 декабри соли 2022 дар шаҳри Тошканд аз ҷониби сарони ду кишвар ба имзо расида буд. Ба иҷро даромадани ин созишнома маънои онро дорад, ки раванди 19-солаи аломатгузории марзи Қазоқистон Узбекистон комилан ба поён расидааст", - гуфт Ойбек Смадияров.

Вай илова кард, ки дар тӯли марзи 2357-километра 1301 аломати марзӣ гузошта шудааст.

XS
SM
MD
LG