"Мақомоти Узбекистон аз хабарнигорони мо тавассути маъракаи тарсдиҳӣ ва шиддат бахшидани сензура интиқом мегиранд, дар ҳоле ки метавонистанд, бо хабарҳои ростин кор кунанд. Таърих нишон медиҳад, ки вақте хонандаву бинандаи мо ба иттилои ростин ниёз дорад, онро меҷӯяд", - омадааст дар изҳороти Ҷеффрӣ Гедмин.
Маъракаи бадномсозии хабарнигорони бахши узбекии Радиои Озодӣ баъди нашри таҳқиқоти рӯзноманигорӣ ба роҳ монда шудааст.
Таҳқиқоти рӯзноманигорие, ки рӯзи 8 июл таҳти номи "Аморати Мирзиёев" нашр шуд, ошкор кард, ки аъзои хонаводаи президенти Узбекистон ҳамзамон бо соҳиб шудани мансабҳои баланди давлатӣ, бахшҳои асосии иқтисоди он кишварро зери назорат гирифтаанд.