Ссылки доступа

Интихоботи такрории вакилони порлумони Қирғизистон дар ҳавзаи Ленини Бишкек 10 сентябр баргузор мешавад


Интихоботи такрории вакилони порлумони Қирғизистон аз ҳавзаи ноҳияи Ленини шаҳри Бишкек рӯзи 10 сентябр баргузор мешавад. Комисияи марказии интихоботии Қирғизистон дар ин бора рӯзи 12 июл қарор қабул кард.

Шаҳрвандон метавонанд номзадии худро то 10 август пешбарӣ кунанд.

Комисияи марказии интихоботӣ ҳамчунин дар ҷаласаи рӯзи 12 июл харҷи интихоботи такрорӣ муайян кард. Барои ин маъарака 13 млн 208 ҳазору 800 сом аз буҷаи давлат ҷудо хоҳад шуд.

Интихоботи пеш аз муҳлат дар ҳавзаи Ленин рӯзи 28 май баргузор гардид. Ба иттилои пешакӣ Дамира Ниёзалиева бо 35,83 дарсади раъй ва Улан Сариев бо 11,88 пешсаф буданд.

Аммо дертар дар шабакаҳои иҷтимоӣ садо ва наворе паҳн шуд, ки дар онҳо эҳтимол харидани раъйи мардум шунида мешуд. Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ нисбати ду номзад парванда боз карданд. Баъди ин Комисияи марказии интихоботӣ натиҷаҳои интихоботро бекор кард.

XS
SM
MD
LG