Ссылки доступа

Таассуфи Қирғизистон аз қатъномаи порлумони Иттиҳоди Аврупо


Вазорати корҳои хориҷии Қирғизистон дар робита ба қабули қатъномаи порлумони Аврупо изҳори таассуф кардааст. Ин қатънома рӯзи 13 июл қабул шуд.

Вакилони порлумони Аврупо аз қатъномае ҷонибдорӣ карданд, ки вазъи ҳуқуқи инсон, озодии баён ва фишор ба расонаҳоро дар Қирғизистон маҳкум мекунад.

Дар қатънома омадааст, "шуруъ аз январи соли 2022 вазъи ҳуқуқи инсон ва озодии баён дар Қирғизистон якбора бад шудааст".

Порлумони Аврупо аз мақомоти Қирғизистон хостааст, ки 4 тарҳи қонун - "Дар бораи расонаҳо", "Дар бораи созмонҳои ғайридавлатӣ", "намояндагони хориҷӣ" ва "иттилои зараррасон"-ро аз порлумон бозхонд кунад. Дар қатънома омадааст, дар сурати қабул ин қонунҳо ба вазъи озодии баён дар Қирғизистон таъсири манфӣ мерасонанд.

Дар қатънома ҳамчунин фишор ба расонаҳо ва рӯзноманигорон маҳкум шудааст.

Дар изҳороти вазорати корҳои хориҷии Қирғизистон омадааст, ки "дар робита ба қабули қатъномаи порлумони Аврупо, ки ғайриинтизор ва бо шитоб қабул ва ба шакли нодуруст вазъи кишварро инъикос мекунад, изҳори таассуф доранд".

Ҳамчунин дар изҳороти вазорат омадааст, ки ташаббускорони қатънома ҳангоми таҳияи он аз ҷониби Қирғизистон шарҳ ва ё иттилои иловагӣ дархост накардаанд.

Дар вазорат гуфтанд, озодии баён ва ҳифзи ҳуқуқи инсон яке аз самтҳои афзалиятноки Қирғизистон аст, ин кишвар барои тақвияти демократия, ҳуқуқи инсон, авлавияти қонун зина ба зина кор мекунад ва уҳдадориҳои байналхалқиашро ба иҷро мерасонад.

Дар гузориши нави "Озодии баён дар дунё - 2023" созмони байналхалқии Freedom House се сол аст, ки Қирғизистонро пайи ҳам ба сафи "кишварҳои ноозод" шомил мекунад.

XS
SM
MD
LG