Ссылки доступа

Додгоҳе дар Қазоқистон ҳукми фаъоли шаҳрвандӣ Ермек Наримбоевро сабуктар кард


Додгоҳи шаҳри Конаеви вилояти Алматои Қазоқистон рӯзи 13 июл дархости фаъоли зиндонӣ Ермек Наримбоевро дар мавриди сабуктар кардани ҷазо қонеъ кард.

Додгоҳ ҷазоро ба маҳдудияти озодӣ иваз кард. Фаъоли шаҳрвандӣ, ки аз моҳи феврали соли гузашта дар зиндон аст, аз додгоҳ хоста буд, ки қисмати боқимондаи маҳбасро ба ҷарима иваз кунад.

Дар сурате, ки агар додситонӣ аз болои қарори ахири додгоҳ шикоят набард, вай давоми 15 рӯзи оянда аз зиндон озод мешавад. Наздики 11 моҳи оянда Наримбоев таҳти назорат боқӣ хоҳад монд.

Ермек Наримбоеви 52-сола дар маҳбаси Заречнии вилояти Алматои Қазоқистон адои ҳукм мекунад. Наримбойро ибтидои соли 2016 бо айби "барангехтани адоват" се сол зиндонӣ карда буданд. Додгоҳ дертар ҳукми ӯро ба маҳдудсозии озодӣ иваз кард. Наримбоев бидуни иҷозаи додгоҳ Қазоқистонро тарк карда буд.

Вай моҳи феврали соли ҷорӣ аз Украина ба Қазоқистон баргашт ва боздошт шуд. Ӯро барои адои боқимондаи ҳукми пешин ба ҳабс гирифтанд.

XS
SM
MD
LG