Ссылки доступа

Тоқаев даъват кард, барои ҷиноятҳои зидди шахсият ҷазои сахттар таъйин шавад


Президенти Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев даъват кард, ки ҷавобгарӣ барои ҷиноятҳои махсусан вазнини зидди шахсият сахттар карда шавад.

Ин даъвати Тоқаев дар ҳоле садо дод, ки дар Қазоқистон марги кӯдаки панҷсоларо дар вилояти Туркистон таҳқиқ мекунанд.

Рӯзи 13 июл дар ноҳияи Сариағаши вилояти Туркистони Қазоқистон модаре ба пулис муроҷиат ва аз гум шудани духтари 5-солааш шикоят кард.

Пулис дертар хабар дод, ки ҷасади духтарро дар манзили яке аз сокинони деҳа пайдо кардааст. Марги духтарро бо моддаи "Куштор" таҳқиқ мекунанд. Гумонбар боздошт ва ҳабс шудааст.

XS
SM
MD
LG