Ссылки доступа

Дар Қирғизистон бештар аз 45 қиморхонаеро ошкор карданд, ки пинҳонӣ кор мекарданд


45тен ашык бинардык опцион жабылып, кылмыш иши козголду
45тен ашык бинардык опцион жабылып, кылмыш иши козголду

Ба иттилои вазорати корҳои дохилии Қирғизистон ин қиморхонаҳо дар шаҳрҳои Бишкеку Ӯш ва вилоятҳои Чуй, Ӯш ва Ҷалолобод ошкор шудаанд.

Вазорат мегӯяд, компютерҳо мусодира ва кормандони қиморхонаҳо бозпурсӣ шудаанд. Ин қиморхонаҳо таҳти номи марказҳои хариду фурӯши саҳҳом ва молу маҳсулот тариқи электронӣ фаъолият мекардаанд.

Дар Қирғизистон қонун дар бораи манъи фаъолияти қиморхонаҳоро соли 2022 бекор карданд. Қонуни мазкур соли 2012 қабул шуда буд. Мақомоти Қирғизистон гуфтанд, бекорсозии қонун боиси ҷалби сармоя ба кишвар мешавад. Бино ба тартиби нав, шаҳрвандони Қирғизистон ҳаққи ворид шудан ба қиморхонаҳоро надоранд. Аммо сокинони Қирғизистон мегӯянд, ин талабот риоя намешавад.

Барои ташкили қиморхона дар Қирғизистон иҷозатномаи махсус даркор аст. Вале маълум нест, ки дар як сол ба чанд нафар барои ташкили қиморхона иҷозат дода шудааст.

XS
SM
MD
LG