Ссылки доступа

Дар қабристони "Вагнер" қабрҳои нави зодагони Осиёи Марказиро пайдо карданд


Раҳбари "Вагнер" Евгений Пригожин
Раҳбари "Вагнер" Евгений Пригожин

Як муҳоҷири узбекистонӣ бо нашри видеое аз пайдо шудани қабрҳои нав дар қабристони ширкати муздурии русии "Вагнер", ки ба зодагони Осиёи Марказӣ тааллуқ доранд, хабар додааст.

Ҳарчанд муаллифи навор намегӯяд, ин қабристон дар куҷо аст, вале бахши узбекии Радиои Озодӣ муайян карда, ки он дар шаҳри Горячийи Ключи Краснодари Русия ҷойгир мебошад.

Дар навор қабрҳое нишон дода мешаванд, ки дар сангҳои болои онҳо номҳои тоҷикӣ, узбекӣ ва қирғизӣ навишта шудааст.

"Агар касе аз шумо наздикону пайвандони ин ҷанговарони кушташудаи мусулмони "Вагнер"-ро мешиносед, хоҳиш мекунем, ба онҳо хабар диҳед. Зеро бисёриҳо дар бораи ин қабристон хабар надоранд", - мегӯяд муҳоҷири узбекистонӣ.

Бахши узбекии Радиои Озодӣ дар асоси ин видео рӯйхати муздурони кушташудаи "Вагнер"-ро таҳия кард, ки дар қабристони Горячий Ключ дафн карда шудаанд:

  • Мусалиев Элбек Рамзанович, 26.11.1976 – 05.05.2023
  • Санҷар Маҳмадзода, 27.11.1997 –​ 20.04.2023
  • Собиров Сабр Собирович, 19.07.1990 –​ 08.05.2023
  • Толибов Донёр Анварович, 31.10.1991 –​ 20.04.2023
  • Ҳидоятов Сайидакбархон Ҳамидуллохон уғлӣ, 31.05.1993 –​ 27.03.2023
  • Поянов Эшпулод Хуррамович, 22.06.1993 –​ 08.03.2023
  • Абдураҳмонов Ҷумахон Валиевич, 05.09.1975 –​ 05.04.2023
  • Ҷумабеков Қодирқулӣ Кангалиевич, 14.03.1982 –​ 17.03.2023
  • Жусупов Тимур Задгереевич, 07.04.1992 –​ 07.04.2023
  • Назиров Азиз Собир уғлӣ, 13.10.1992 –​ 07.01.2023
  • Адашев Дилмурод Акрамҷон уғлӣ, 31.01.1995 –​ 23.03.2023
  • Мирзоқулов Дилшодбек Маҳаммадалиевич, 10.02.1984 –​ 10.01.2023
  • Давлетов Самат Аманҷолович, 11.08.1974 –​ 27.02.2023
  • Масоев Аҳлиддин Абдулфайзович, 13.08.1989 –​ 07.01.2023
  • Бегатанов Исломҷон Икромҷонович, 17.03.1988 –​ 18.01.2023
  • Сулайманов Абдуғаффар Абдусатторович, 09.09.1986 –​ 12.12.2022
  • Мухторов Отабек Одилҷон уғлӣ, 18.09.1996 –​ 06.12.2022
  • Тиллобоев Кароматулло Раҳматович, 27.03.1992 –​ 13.02.2023
  • Умаров Бобурбек Ҷурабой уғлӣ, 03.12.1992 –​ 25.11.2022
  • Норқулов Зоҳидҷон Хурваевич, 09.12.1971 –​ 22.02.2023
  • Силапов Саидниёз Оразмурадович, 05.02.1985 –​ 17.03.2023

Рӯзноманигори нашрияи "The New York Times" Кристиан Триберт моҳи марти имсол хабар дода буд, ки теъдоди қабрҳо дар қабристони ​"Вагнер" дар Горячий Ключ якбора афзоиш ёфтааст.

XS
SM
MD
LG