Ссылки доступа

Дар ҷангали Абайи Қазоқистон дубора сӯхтор сар задааст


Дар мамнӯъгоҳи "Семей Орманӣ"-и вилояти Абайи Қазоқистон сӯхтор сар задааст. Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Қазоқистон хабар дода, ки оташсӯзӣ дар хоҷагии ҷангали Беген рух додааст.

"Сӯхтор нисфирӯзии 15 июл сар задааст. Ба маҳалли ҳодиса 100 нафар ва беш аз 20 техникаи махсус фиристода шудааст", - омадааст дар иттилоияи Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Қазоқистон.

Масоҳати сӯхтор то ба 350 ҳектар афзоиш ёфтааст. Қаблан масоҳати сӯхтор ҳудуди 20 ҳектар гуфта мешуд.

Дар наздикии маҳалли сӯхтор истироҳатгоҳи Шошкалӣ ҷойгир аст. Пулис ба истироҳаткунандагон тавсия додааст, ки онҷоро тарк кунанд.

Дар ин мамнуъгоҳ моҳи июни имсол низ оташсӯзӣ шуда буд. Дар натиҷаи ин оташсӯзӣ дар ҷангали Абай, ки масоҳати он ҳудуди 60 ҳазор ҳектарро ташкил медиҳад, 15 кас, 14 корманди бахши мамнуъгоҳи "Семей Орманӣ" дар ноҳияи Новошулбини ин вилоят ва як ронандаи трактор ҷон бохт.

Наздикони қурбониён гуфтанд, мақомот нимаи аввали моҳи июни имсол пайвандони онҳоро бидуни лавозимоти зарурӣ ба хомӯш сохтани сӯхтор сафарбар карда буданд.

XS
SM
MD
LG