Ссылки доступа

Чаро устодони унвондори тоҷик дар донишгоҳҳо кам шудаанд? (гулчин)


Ба расонаҳои минтақа ҳақ дода мешавад, ки аз ин матлабҳо ба сурати комил ва ё ҷузъӣ истифода кунанд. Бо дархости муштариён метавонем ба онҳо шакли аслии наворҳои видеоиро фиристем. Онҳо, инчунин, метавонанд матлаби дилхоҳи худро аз махзани Директ истифода кунанд.

- Чаро устодони унвондори тоҷик дар донишгоҳҳо кам шудаанд? Мутахассисони Тоҷикистон ошкор кардаанд, ки теъдоди устодони ботаҷрибаи донишгоҳҳо соли 2022 1000 нафар кам шудааст, ки оқибати ин кор камсавод берун омадани донишҷӯён аз донишгоҳҳо аст. (видео)

- Эътирози занон дар ҳамсоякишвари Тоҷикистон.​ Занон дар Афғонистон ба зидди фармони Толибон эътироз карданд. Гуруҳи динии ҳоким дар ҳамсоякишвари Тоҷикистон аз занон хостааст, то охири моҳи июл дари кошонаҳои ҳуснро банданд, чун мувофиқи шариат дуруст нест ва ҷазо дорад. Занони ороишгар дар Афғонистон мегӯянд, ин ягона ҷойи кори онҳост. (видео)

- ​Муҳоҷирон: Аз сохтмону дӯкон ба курсии донишгоҳҳо.​ Муҳоҷирон дар Русия ҳарчӣ бештар ба гирифтани маълумоти олӣ майл пайдо мекунанд. Зодагони кишварҳои Осиёи Марказӣ барои дарёфти ҷойҳои кории бонуфуз ба донишгоҳҳо дохил мешаванд. Хабарнигорони “Мигрант Медиа” аз марказе дидан карданд, ки дар он барои босавод шудани муҳоҷирон мадад мерасонанд.

- Савринисоро гӯронданд, вале баҳсаш монд. Савринисо Сафароваи 23-соларо тақрибан як моҳ пеш дафн карданд, аммо баҳси чӣ гуна ба марг расидани ӯ ҳанӯз идома дорад. Модараш мегӯяд, ӯро пайвандон ва ҳамсари аввали шавҳараш зада то ба марг расондаанд. Муфаттишон мегӯянд, Савринисо худкушӣ кардааст (видео)

- Ҷанҷоли як марду зан дар Фархор ба додгоҳ рафт. Додгоҳи ноҳияи Фархор қаҳрамони ба истилоҳ манфии як видеоеро, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ баҳси доманадореро барангехт, ҷарима бастааст. Бегаҳмад Назаровро барои задан ва осеб расондан ба ҳамсояаш Моҳихубон Тилавова ҷазои маъмурӣ доданд, вале ҷабрдида мегӯяд, розӣ нест (видео)

- Пули фиристодаи муҳоҷирон дар Тоҷикистон беқадр шуд.
Рубли русӣ дар Тоҷикистон дар се ҳафтаи ахир рӯ ба уфт аст. Агар он дар аввалҳои июн ҳазор рубл баробар бо 125 сомонӣ буд, акнун ин маблағ дар бонкҳои тиҷорӣ 115-119 сомонист. Коҳиши тавоноии рубл қисми зиёди аҳолии Тоҷикистонро нигарон кардааст (видео)

- Моҳиёни чашмаи “Бибӣ Дилафрӯз” ба Кӯлоб баргаштаанд.
Ба як чашмаи хурд дар Кӯлоб моҳиёни нодир баргаштаанд. Ба қавли сокинон, моҳиёни ин чашма, ки гоҳе ранг иваз мекунанд, муъҷизаноканд (видео)

- Зӯри шумо ба харидани хона мерасад? Бо вуҷуди афзоиши сохтмони биноҳои истиқоматӣ дар чанд соли охир харидории хона ҳамоно барои бисёре аз оилаҳои ҷавон дар Тоҷикистон орзуи датснорас мемонад. Ҳоло киҳо тавони харидани хонаро доранд ва давлат дар таъмини сокинон бо манзил чӣ нақш дорад? (видео)

- "Магар зан ҳаққи зиндагӣ кардан надорад?". Дар идомаи амру фармонҳои иртиҷоӣ Толибон дар Афғонистон фаъолияти ороишгоҳҳои занонаро манъ карданд. Ин гуруҳи ифротии ҳоким дар ҳамсоякишвари Тоҷикистон то кунун занонро аз ҳаққи таҳсил дар мактабу донишгоҳҳо ва кор дар идораҳои гуногуни давлативу хориҷӣ маҳрум кардааст (видео)

- Хушнуд аз пули муҳоҷират дар Фархор корхона сохт. Дар ноҳияи Фархори вилояти Хатлон ба одамони бекор ва муҳоҷирони баргашта аз Русия ҷойи кор офаридаанд. Онҳо патент намегиранд ва ҷойи хобашон ҳам дар канори волидон ё ҳамсару фарзандон наздик аст. Корхонаро ҷавоне сохта, ки замоне зери дасти чиниҳо кор мекард (видео)

- Дар Узбекистон президентро чӣ гуна интихоб карданд (видео)

- Муҳоҷирони корӣ аз Осиёи Марказӣ чӣ гуна дар Русия таҳсил мекунанд (видео)

- Йенс Столтенберг то тирамоҳи соли 2024 роҳбари НАТО боқӣ мемонад. Ӯ кист ва чаро Иттиҳод бидуни вай тағйир хоҳад хӯрд? (видео)

- Ҷасорати занона. Бахитжан Торегожина — дар бораи худ, хонавода ва ҳифзи ҳуқуқ (видеои РК)

КОРМАНДОНИ МУҲТАРАМИ РАСОНАҲО! БО ҲАЗОРОН НАВОРИ САДОВУ ВИДЕО, АЗ ҶУМЛА, ШАКЛИ АСЛИИ САДОВУ ВИДЕОҲО БО ЗАБОНИ ТОҶИКӢ, КИ БАРОИ ЗАХИРА КАРДАНИ КОРШАРИКОН ДАСТРАС ҲАСТАНД, ОШНО ШАВЕД!

XS
SM
MD
LG