Ссылки доступа

Дар Қазоқистон хусусишавии донишгоҳҳоро месанҷанд


Ҳукумати Қазоқистон тасмим гирифтааст, ки қонунӣ будани хусусишавии баъзе аз дороиҳо дар бахши маорифи ин кишвар санҷида шавад.

"Сарвазир Алихон Смаилов ба ниҳодҳои дахлдори кишвар дастур дод, ки тамоми қарордоду санадҳо дар ин замина санҷида шаванд ва ба онҳо баҳои ҳуқуқӣ дода шавад. Ҳамчунин Алихон Смаилов ба зарурати таъмини суботи комили раванди таълим дар муассисаҳо таъкид карда, гуфт, санҷиш набояд ба донишҷӯён ва кормандони донишгоҳҳо дахл кунад", - омадааст дар иттилоияи хадамоти матбуотии ҳукумати Қазоқистон.

Аммо манбаъ нагуфтааст, ки санҷиш дар кадом донишгоҳҳои Қазоқистон сурат хоҳад гирифт.

Масъалаи қонунӣ будани хусусишавии донишгоҳҳо дар Қазоқистон чанд сол мешавад, дар ҷомеаи он кишвар баҳсҳоеро ба миён овардааст. Мақомоти қазоқ ин масъаларо танҳо баъд аз ҳодисаҳои январӣ матраҳ ва барои баррасии он комиссияи давлатӣ ташкил карданд.

XS
SM
MD
LG