Ссылки доступа

Боздошти як сокини Бишкек бо гумони барангехтани бадбинӣ


Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон хабар дода, ки як сокини шаҳри Бишкек бо гумони барангехтани бадбинии миллӣ боздошт шудааст.

Тибқи иттилои кумита, гумонбар дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук саҳифаеро бо номи "Ч.А.С." боз карда, тавассути он гӯиё матлабҳоеро паҳн мекард, ки миёни сокинон бадбиниро ба вуҷуд меоварданд.

"Гумонбаршуда қаблан тибқи қарори додгоҳ, барои чанд изҳороташ бо ҳадафи барангехтани кинаю адовати миллӣ 5 шабонарӯз ҳабси маъмурӣ шуда буд. Вале бо вуҷуди ин, вай фаъолияти ғайриқонунии худро идома дод. Ташхиси забоншиносӣ дар навиштаҳои ӯ нишонаҳои даъват ба барангехтани бадбинии миллиро муайян сохт”, - омадааст дар иттилоияи кумита.

Гумонбар дар ҳабси пешакӣ қарор дорад.

Пештар Нурбек Сидиқов, ҳуқушиноси "Медиа Полиси" хабар дода буд, ки дар Қирғизистон давоми се соли ахир парвандаҳо бо банди "Барангехтани бадбинии миллӣ" афзоиш ёфтааст. Дар миёни айбдоршавандаҳо фаъолони маданӣ, блогерон ва рӯзноманигорон низ ҳастанд.

XS
SM
MD
LG