Ссылки доступа

Дар Самарқанд як зан ба шиканҷаи ду кудаки ноболиғаш айбдор мешавад


Як зани 27-сола дар вилояти Самарқанди Узбекистон дар пайи баҳс бо шавҳараш, ки дар Русия кор мекунад, ду духтари ноболиғи худро латтукӯб кардааст.

Пулиси Самарқанд гуфт, ҳодиса 14 июл дар деҳаи Туйнаки вилоят рух дода, зидди модари кудакон бо банди “Шиканҷа” парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.

Зан дар натиҷаи як баҳси телефонӣ бо ҳамсараш ба ғазаб омада, кудаконашро зери мушту лагад қарор додааст. Ӯ ҷараёни латтукӯби кудаконро ба навор гирифта, ба шавҳараш фиристодааст.

Кудаконро аз модарашон ҷудо кардаанд ва дар ҳоли ҳозир онҳоро наздиконашон нигоҳубин мекунанд.

XS
SM
MD
LG