Тибқи қарори додгоҳ, Искаков то 15 сентябри имсол дар ҳабс хоҳад монд.
Сокинони деҳаи "Селексия" ва маҳаллаи "Сариозон"-и Қирғизистон, ки чанд рӯз мешуд, беоб монда буданд, 14 июл ба нишони эътироз роҳи "Жайыл баатыр" (шоҳроҳи ҷанубӣ) ба самти Бишкекро бастанд.
Пулис 15 июл чанд иштирокдори ҳамоиши эътирозӣ, аз ҷумла Эртой Искаковро, ки ҷараёни тазоҳуротро ба навор гирифта буд, ба бозпурсӣ даъват кард.
Дар натиҷа зидди блогер ва ду сокини маҳаллӣ Бакит Балбаеву Бактибек Бекболотов бо гумони авбошӣ ва ташкили бастани роҳ айб эълом шуд.