Хонандагонеро, ки барои истироҳат рафтаанд, дар бинои ҳамом ҷой дода, бархе аз кудакон дар руи фарш хоб рафтаанд. "Мо барои дидани фарзандҳои худ ба онҷо рафтем. Медонед кудакон дар куҷо хоб мераванд? Онҳоро дар ҳамом ҷойгир намудаанд", - гуфт яке аз волидон.
Ба гуфтаи волидон, кудакон дар бинои ҳамоми амалкунанда ҷойгир карда шудаанд ва замоне онҳо рафтанд, ҳамом чандин муштарӣ низ доштааст.
Идораи маорифи Алмато баъди эътирози волидон фаъолияти ширкатеро санҷидааст, ки дар озмуни бо ҷои хоб таъмин кардани кудакони истироҳаткунанда ғолиб омада буд. Тибқи иттилои расмӣ, ҳукумати Қазоқистон барои истироҳати тобистонаи 1,5 ҳазор кудак $247 ҳазор ҷудо кардааст.
Тибқи иттилои "Tengrinews.kz", додситонии Алмато дар робита ба ин ҳодиса бо бандҳои "Суистифода аз ваколат" ва "Иҷро накардани уҳдадориҳо барои тарбияи ноболиғ" парвандаи ҷиноӣ боз кардааст.