Ссылки доступа

Омбудсмени Қирғизистон хост, лоиҳаи қонуни "намояндагони хориҷӣ" бозхонд шавад


Ваколатдори ҳуқуқи инсон ё омбудсмени Қирғизистон Ҷамила Ҷаманбоева пешниҳод кард, ки лоиҳаи қонуни ин кишвар дар бораи "намояндагони хориҷӣ" бозхонд карда шавад.

Хадамоти матбуотии ваколатдор иттилоъ дода, ки омбудсмен баъди таҳлили тағйиру иловаҳои пешниҳодӣ ба қонунгузории ин кишвар пешниҳод кард, ки лоиҳаи қонун “бо мақсади таъмини меъёрҳои байналмилалии ҳуқуқу озодиҳои инсон ва риояи қатъии талаботи Конститутсияи Қирғизистон” бозхонд гардад.

Ӯ ҳамчунин аз муаллифони лоиҳа даъват кардааст, ки бо ҷалби мутахассисони варзида гузинаи нави лоиҳаи қонунро таҳия кунанд.

Қаблан ҳуқуқшинос Таттибубу Эргешбоева хабар дод, тарҳи қонун "дар бораи намояндагони хориҷӣ", ки мебоист рӯзи 27 июн дар порлумони Қирғизистон баррасӣ шавад, аз дастури кор бардошта шудааст.

Бар асоси тарҳи қонун, дар Қирғизистон мехоҳанд, созмонҳои иҷтимоӣ ва созмонҳои ғайридавлатиеро "намояндаи хориҷӣ" унвон кунанд, ки аз хориҷ маблағгузорӣ мешаванд.

Чанде аз созмонҳои байналхалқӣ низ аз мақомоти Қирғизистон хостанд, ки ин тарҳро қабул накунанд. Тарҳи мазкурро ба қонуни Русия дар бораи "агентҳои хориҷӣ" ташбеҳ мекунанд.

XS
SM
MD
LG