Ссылки доступа

Раиси додгоҳи як ноҳияи Қазоқистон баъди куштори духтарчаи 5-сола аз мақом барканор мешавад


Раиси Додгоҳи ноҳияи Сариағаши Қазоқистон баъди куштори бераҳмонаи як духтарчаи 5-сола дар деҳаи "Жибек Жолӣ"-и ноҳия аз мақом барканор мешавад.

"Додгоҳи олии Қазоқистон дар робита ба ҳукми ғайриқонунӣ нисбат ба марди гумонбар дар куштори духтарчаи ноболиғ дар моҳи майи имсол санҷиши хидматӣ гузаронд. Дар натиҷа масъалаи барканории раиси додгоҳи Сариағаш матраҳ шудааст", - навиштаанд расонаҳои маҳаллӣ бо истинод ба хадамоти матбуоти Додгоҳи олии Қазоқистон.

Духтарчаи 5-сола рӯзи 13 июли имсол аз саҳни бинои зисташон дар "Жибек Жолӣ" бедарак шуд. Дертар ҷасади ӯро аз боми бинои ҳамсоягӣ пайдо карданд. Дар робита ба ин куштор марди 48-солае дастгир ва ду моҳ ҳабс шудааст. Зидди ӯ бо бандҳои "Куштор" ва "Таҷовуз ба номус" парванда боз гаштааст.

Бино ба хабарҳо, гумонбар, ки соли 2006 бо ҷурми куштор 10 сол зиндонӣ шудааст, моҳи майи имсол як ҳамдеҳаи худро бо табар задааст. Вале додгоҳ бо назардошти он ки ҷонибҳо оштӣ кардаанд, мардро шартан аз озодӣ маҳрум кардааст.

XS
SM
MD
LG