Ссылки доступа

Барои таъмири Неругоҳи барқӣ-ҳастаии Манғистау 4,9 млрд танга ҷудо шудааст


Ҳукумати Қазоқистон барои таъмири Неругоҳи барқӣ-ҳастаии Манғистау 4,9 миллиард танга ҷудо кардааст.

Хадамоти матбуотии ҳукумати Қазоқистон иттилоъ дода, ки пул бо дархости ҳукумати вилояти Манғистау барои харидории таҷҳизот ҷудо мешавад.

Дар Неругоҳи барқӣ-ҳастаии Манғистау рӯзи 3 июли имсол садама рух дод ва дар натиҷа блоки энергетикии рақами 1-и он аз кор монд.

Садама боиси қатъи густардаи нерӯи барқ, қатъи интиқоли об ба ҳазорон сокини Манғистау, шаҳри Атирау ва ҳамчунин аз кор мондани корхонаҳои нафтӣ дар ғарби Қазоқистон шуд.

Санҷиш муайян кард, ки беш аз 80 дарсади таҷҳизоти неругоҳ фарсуда шудааст.

XS
SM
MD
LG