Ссылки доступа

Дар Қрим анбори аслиҳа оташ гирифтааст. Сокинонро мекучонанд


Дар натиҷаи сӯхтор дар размоишгоҳе дар шарқи нимҷазираи Қрим шоҳроҳи "Таврида" баста шудааст. Дар ин бора раҳбари нимҷазира Сергей Аксенов хабар дода, аммо ҷузъиётеро ироа накардааст.

Ба гуфтаи Аксенов, эҳтимол ҳудуди ду ҳазор нафар ба ҷои дигар кучонида шавад. Сухан дар бораи сокинони чаҳор минтақаи аҳолинишини наздик ба размоишгоҳ меравад.

Мақомоти Қрим ҳамчунин ҷадвали ҳаракати мошин ва автобусҳоро ҳам тағйир додаанд. Бино ба хабарҳои расман тасдиқношуда, ин сӯхтор дар натиҷаи таркиши анбори аслиҳа дар шаҳри Қрими қадимӣ сар задааст.

Дар бораи таркиш ва сӯхтори мазкур нахустиншуда канали телеграмии "Крымский ветер" хабар дод ва чанд видео ҳам нашр кард. "Крымский ветер" бо истинод ба сокинони маҳаллӣ иттилоъ дода, ки ба анбори аслиҳа се мушак ё бесарнишин афтодааст. Ин размоишгоҳ аз ҷабҳа 230 километр дур аст.

Қаблан каналҳои украинӣ дар паёмакрасони Телеграм ҳам хабар дода буданд, ки дар як анбори аслиҳа дар Қрими қадимӣ таркиш рух додааст.

Вазорати дифои Русия то ҳол ин хабарро шарҳ надодааст.

XS
SM
MD
LG