Ссылки доступа

Арзиши сабади истеъмолӣ дар Узбекистон $50 муайян шудааст


Кумитаи омори Узбекистон хабар дода, ки харҷи ҳадди ақали истеъмолӣ барои ҳар як шаҳрванди ин кишвар дар соли равон 568 ҳазор сӯм (тақрибан 50 доллар) муайян карда шудааст.

Харҷи ҳадди ақали истеъмолии шаҳрвандонро дар Узбекистон бори нахуст моҳи майи соли 2021 ҳисоб карда буданд ва он 38 долларро ташкил медод.

Тибқи иттилои расмӣ, ин рақам дар соли 2022 ба далели таваррум 13,2 дарсад ё то ба 42 доллар афзоиш ёфтааст.

Ин навъи харҷро барои муайян кардани сатҳи камбизоатӣ дар кишвар ҳисоб мекунанд. Яъне, ҳар нафаре, ки дар соли 2023 моҳона аз 568 ҳазор сӯм камтар даромад дошта бошад, камбизоат шумурда хоҳад шуд.

XS
SM
MD
LG