Ссылки доступа

Қоидавайронкуниҳо дар марзи Қирғизистон бо Узбекистон афзоиш ёфтааст


Шумори мусофироне, ки тартиби убури марзро дар гузаргоҳи марзии "Достук"-и Қирғизистон ва Узбекистон нақз кардаанд, дар шаш моҳи соли ҷорӣ нисбат ба соли гузашта 1,5 баробар афзоиш ёфтааст.

Сардори гузаргоҳи "Достук - Автодорожный" майор Нурлан Аттокуров гуфт, дар шаш моҳи соли равон 60 кас бо гумони нақзи қоидаҳои убури марз дастгир карда шудааст. Дар ҳоле ки шумори нақзкунандагон дар тамоми соли гузашта 49 касро ташкил медод.

Ба гуфтаи Аттокуров, марзбонони Қирғизистон дар шаш моҳи имсол дар гузаргоҳи "Достук - Автодорожный" монеи қочоқи молу пули нақдина, аз ҷумла тило ба маблағи 51 652 000 сом ё 600 ҳазор доллар шудаанд.

Ҳамчунин дар моҳи июли имсол шумори мусофироне, ки аз ин гузаргоҳ убур мекунанд, афзоиш ёфтааст. Дар ҳоли ҳозир дар як шабонарӯз аз 15 то 22,5 ҳазор одам аз ин гузаргоҳ убур мекардааст.

XS
SM
MD
LG