Ссылки доступа

Зидди мансабдорони узбеки муттаҳам ба таҷовузи ятимон иттиҳоми нав эълом мекунанд


Додгоҳи Узбекистон парвандаи мансабдорони пешини вилояти Хоразмро, ки барои робитаи ҷинсӣ бо таълимгирандагони ятимхонаҳо муҷозот шуда буданд, барои тафтиши дубора ба додситонӣ фиристодааст.

Қарор аст, зидди маҳкумшудаҳо иттиҳоми нав эълом ва шахсони дигар ҳам ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.

Азиз Обидов, сухангӯи Додгоҳи олии Узбекистон рӯзи 18 июл гуфт, додрас дархости додситониро барои тафтиши дубораи парванда ва ба ҷавобгарӣ кашидани шахсони дигар қонеъ кардааст. Парванда ба додситонии вилояти Хоразм пас фиристода шуда, баррасии додгоҳии он ба муҳлати 1 моҳ боздошта шуд.

Додгоҳи ноҳиявӣ қаблан озодии сардори пешини Раёсати адлияти вилояти Хоразм ва роҳбари бахши ноҳиявии Ҳолатҳои фавқулодаро, ки ба робитаи ҷинсӣ бо таълимгирандагони ятимхонаҳо айбдор мешуданд, 1,5-солӣ маҳдуд карда буд. Вале додситонӣ ба ин ҳукм эътироз карда, ба додгоҳи шаҳрӣ шикоят бурд.

Ҷабрдидаҳо дар ҷараёни мурофиаҳо гуфтаанд, ки қурбонии озори ҷинсӣ, фиреб ва таҷовуз шудаанд ва вакилони дифоъ низ изҳор доштаанд, ки дар кирдори мансабдорони собиқ нишонаҳои таҷовуз ба номус дида мешавад.

Бинобар ин, аз додгоҳ дархост шудааст, банди парвандаи маҳкумшудаҳо аз "Робитаи ҷинсӣ бо ноболиғ" ба "Таҷовуз ба номус" иваз карда шавад.

Расонаҳои Узбекистон қаблан хабар дода буданд, ки давоми 10 моҳ мудири ятимхона духтарони ноболиғро барои истифодаи шаҳвонӣ дар ихтиёри роҳбари раёсати вилоятии адлия ва роҳбари ноҳиявии Ҳолтаҳои фавқулода гузоштааст. Роҳбари ятимхона 5,5 сол зиндонӣ шуд. Ду мансабдори дигар бо гирифтани ҳукми 1,5-солии маҳдудсозии озодӣ аз додгоҳ раҳо ёфтанд.

Дар ихтиёри мансабдорон гузоштани духтарони ноболиғи ятимхона дар соли 2021 рух додааст. Он замон духтарон 15,16 ва 17 сол доштаанд.

XS
SM
MD
LG