Ссылки доступа

Дар шарқи Қазоқистон сокинон бо истихроҷкунандагони тило ҷанҷол карданд


Миёни сокинони деҳаи Маралдии ноҳияи Курчуми вилояти Қазоқистони Шарқӣ ва кормандони корхонаи истихроҷи тилло, ки дар наздикии ин деҳа сохта мешавад, 19 июл низоъ сар задааст.

Сокинони деҳаи мазкур дар суҳбат бо бахши қазоқии Радиои Озодӣ гуфтанд, қарор буд, 19 июл дар робита ба зарарҳое, ки дар натиҷаи истихроҷи тило ба муҳити зист расонида мешавад, ҷаласа баргузор гардад, вале бо сабабҳое ба таъхир гузошта шудааст.

Дар натиҷа сокинон ба ғазаб омада, ҳамроҳи рӯзноманигорон ба маҳалли бунёди корхонаи истихроҷи тило рафтаанд, то онҷоро ба навор гиранд. Вале шахсони ношинос монеъ шудаанд.

Сокинон мегӯянд, "шахсони ношинос"-ро ё раҳбарияти ширкат ё ҳукумати маҳаллӣ фиристода буд, то иғво андозанд. Вале Марат Аусабаев, мудири ширкате, ки қарор аст, дар онҷо тило истихроҷ кунад, гуфт, "бояд аз пулис пурсид, ки шахсони ношинос кӣ буданд".

Раиси ноҳияи Курчум Алмат Акишов гуфт, "вазъ муътадил ва таҳти назорати мақомоти ҳифзи ҳуқуқ аст".

XS
SM
MD
LG