Ссылки доступа

Дар Қазоқистон тафтиши одилонаи куштори духтарчаи 5-соларо талаб доранд


Сокини деҳаи "Жибек Жолӣ"-и ноҳияи Сариағаши вилояти Туркистони Қазоқистон, ки як ҳафта пеш дар онҷо як духтарчаи 5-сола кушта шуда буд, дубора тазоҳурот карданд.

Тазоҳургарон аз мақомот талаб карданд, ки тафтиши парванда одилона сурат бигирад.

Як гуруҳ аз занон дар даст лавҳаҳое бо навиштаи "Марг ба педофилҳо!" ва "Муҳокимаи одилона!" 20 июл талош карданд, шоҳроҳеро банданд, ки аз тариқи деҳаи онҳо мегузарад.

Ба гуфтаи таҷаммуъгарон, пулис дар робита ба куштори духтарча як гумонбари дигарро ба бозпурсӣ даъват карда буд, вале дертар ӯ озод карда шудааст. Дар ҳоле ки сокинон талаб карда буданд, гумонбари дувум ҳам то натиҷаи ташхиси судӣ-тиббӣ дар ҳабс монад.

Духтарчаи 5-сола рӯзи 13 июли имсол аз саҳни бинои зисташон дар "Жибек Жолӣ" бедарак шуд. Дертар ҷасади ӯро аз боми бинои ҳамсоягӣ пайдо карданд. Дар робита ба ин куштор як марди 48-сола дастгир шудааст.

XS
SM
MD
LG