Ссылки доступа

Хонандагони туркманро маҷбур доранд, барои либоси ягона аз мактаб матоъ харанд


Дар Туркманистон хонандагонро маҷбур мекунанд, ки барои либоси ягона аз мактаб матоъ бихаранд.

Хабарнигори бахши туркмании Радиои Озодӣ мегӯяд, имрӯзҳо омӯзгорони мактабҳои вилояти Ахали Туркманистон хонандагонро маҷбур мекунанд, ки матои либоси ягонаро танҳо аз мактаб харанд.

“Роҳбарони синф ба хонандагон (духтарон) занг зада, онҳоро маҷбур мекунанд, ки барои либоси ягонаи мактабӣ дар соли нави хониш матои сабз харанд. Онҳо ду метру 20 сантиметри ин матоъро 300 манат пешниҳод мекунанд. Дар ҳоле ки он дар бозори яклухтфурӯшӣ 200 манат аст", - иттилоъ додааст хабарнигор.

Дар Туркманистон либоси ягонаи мактабии духтарон аз матои сабз духта мешавад.

Талошҳо барои дарёфти назари мақомоти маорифи вилояти Ахал дар ин замина бенатиҷа буданд.

XS
SM
MD
LG