Ссылки доступа

Қазоқистон гуфт, талош дорад, то таҳрим нашавад


Вазири умури хориҷии Қазоқистон Алмос Айдаров 20 июл дар як нишасти хабарӣ гуфт, кишвараш сахт нигарон аст, ки таҳти таҳрим қарор нагирад.

"Дар чанд гузориш ва пешгӯиҳои Амрико номи Қирғизистон зикр шудааст. Барои мо хеле муҳим аст, ки Қазоқистон ҳадафи таҳримҳои дувумдараҷа қарор нагирад. Таҳримҳои мустақим алайҳи Русия қабул шуданд. Ҳоло бастаи таҳримҳо зидди кишварҳои дувум ва ҳамсоя бо Русия ҷорӣ карда мешавад”, - афзудааст ӯ.

Ҳаҷми табодули мол миёни Русия ва Қазоқистон то эъломи таҳримҳо ба 25 миллиард доллари амрикоӣ расида буд. Ба гуфтаи ӯ, агар таҳримҳои дувумдараҷа табодули анъанавии молро маҳдуд кунанд, минтақаҳои назди марзии ду кишвар сахт зарар мебинанд.

"Ҳамаи талоши мо ба он равона шудааст, ки ҳадафи ин таҳримҳо қарор нагирем. Мо ҳамаи созишномаҳоро шафоф ошкор мекунем. Баръакс, мегӯем, агар қонуншикании ширкатҳои моро дидед, хабар кунед", - изҳор доштааст вай.

Қаблан нашрияи "Вашингтон пост" рӯзи 18 июл навишт, ки маъмурияти президенти ИМА барои ҷорӣ кардани таҳримҳои нави иқтисодӣ алайҳи Қирғизистон омодагӣ мебинад. Ин иқдом ба хотири пешгирӣ аз интиқоли молҳои таҳримшуда ба Русия тавассути Қирғизистон сурат мегирад. Нашрия ба мусодираи 14 ҳавопаймои бесарнишини чинӣ дар Қазоқистон ишора кардааст. Ин бесарнишинҳо аз Қирғизистон ба Русия интиқол дода мешуданд.

XS
SM
MD
LG