Ссылки доступа

Ситоди неруҳои Украина: узбекистониҳо дар ҳайати артиши Русия дар Донетск ҳузур доранд


Иллюстративное фото
Иллюстративное фото

Дар ҳайати артиши Русия дар Горловкаи ғасбшуда дар вилояти Донетски Украина чанд шаҳрванди Узбекистон дида шудаанд. Дар ин бора Ситоди кулли неруҳои Украина хабар додааст.

"Ин афрод барои корҳои сохтмонӣ ба Мариупол омадаанд. Расидан замон шиносномаҳои онҳоро гирифтаанд ва онҳор ҳамчун ҷанговар ба ҳайати артиши ғосибон шомил кардаанд", - омадааст дар хабар.

Вазорати корҳои хориҷии Узбекистон гуфтааст, аз рӯи ин хабар тафтиш шуруъ шудааст.

Ин дар ҳолест, чанд тан аз шаҳрвнадони Узбекистон, ки дар зиндонҳои Русия адои ҷазо мекарданд, дар Украина кушта шуданд. Онҳор аз зиндонҳои Русия ба ҷанги зидди Украина бурданд.

XS
SM
MD
LG