Ҳукми ҳабси Исахов рӯзи 21 июл содир шудааст.
Кумитаи амнияти миллии Қазоқистон рӯзи 20 июл аз боздошти муовини ҳокими шаҳри Чимкент Мақсуд Исахов хабар дода буд.
Ба иттилои мақомот, ин мансабдорро "ҳангоми ҳамоҳангсозии фасодкорӣ" боздошт кардаанд.
Мақсуд Исахови 49-сола моҳи феврали соли 2020 муовини шаҳрдори Чимкент таъйин шуда буд. Ӯ дар гузашта ду сол дар маъмурияти президенти Қазоқистон низ кор кардааст.