Ссылки доступа

Фрэнк Каприо - додраси маъруфи амрикоӣ донишҷӯи узбекистониро бозпурсӣ кард (видео)


Frank Caprio
Frank Caprio

Дар ИМА донишҷӯеро бо ному насаби Муҳаммадобидбек Обидҷонов аз Узбекистон барои мондани мошин дар ҷойи мамнуъ ҷарима бастанд. Дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворе паҳн шуд, ки Фрэнк Каприо - додрасии маъруфи амрикоӣ ӯро бозпурсӣ мекунад.

Обидҷонов гуфт, ӯ мошинашро дар ҷое таваққуф дода буд, ки мошинҳои дигар меистоданд. Аммо ӯро барои ин кор ҷарима бастанд.

Баъд аз муҳокимаи парванда додрас донишҷӯи узбекистониро 35 доллар ҷарима баст.

Обиҷонов дар ИМА менеҷменти варзишро меомӯзад.

Фрэнк Каприо - вакили мудофеъ, сиёсатмадор ва ҳуқуқшиноси амрикоӣ аст, ки дар шаҳри Провиденси аёлати Род-Айленд додрас (судя) аст. Муҳокимаҳои додгоҳии ӯ тариқи телевизион нишон дода мешавад.

XS
SM
MD
LG