Ссылки доступа

Қазоқистон тасмим надорад бо Узбекистон мизбони Ҷоми ҷаҳонии футбол дар соли 2034 бошад

Қазоқистон тасмим надорад, ки ҳамроҳ бо Узбекистон мизбони Ҷоми ҷаҳонии футбол дар соли 2034 бошад. Дар ин бора дар вазорати фарҳанг ва варзиши Қазоқистон хабар доданд.

Пештар нашрияи узбекистонии Championat.asia хабар дода буд, ки роҳбари Федератсияи футболи Қазоқистон Адлет Барменқулов ба Қазоқистону Узбекистон пешниҳод кардааст, барои мизбонии Ҷоми ҷаҳонии футбол дар соли 2034 ба таври муштарак дархост диҳанд.

Ин пешниҳод дар мулоқоти расмии эътилофҳои футболи кишварҳои туркзабони Осиёи Марказӣ дар Қирғизистон садо дода буд. Дар он мулоқот роҳбарони федератсияҳои ҳам Қазоқистон ва ҳам Узбекистон ширкат доштанд.

XS
SM
MD
LG