Ссылки доступа

Содир Ҷабборов гуфтаҳои Лавровро дар бораи забони давлатии Қирғизистон шарҳ дод


Содир Ҷабборов, президенти Қирғизистон гуфтаҳои вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавровро дар бораи қабули қонуни забони давлатии Қирғизистон шарҳ дод.

Президенти Қирғизистон дар мусоҳиба бо расонаҳои давлатии кишвараш рӯзи 24 июл гуфт, ки вазири корҳои хориҷии Русия "зоҳиран қонунро нахондааст". "Дар ин қонун ҳарфе дар бораи табъйизи забони русӣ нест. Баракс, гуфта шудааст, ки забони русӣ ҳамчун забони расмӣ истифода мешавад. Ин меъёр дар Конститутсияи Қирғизистон низ ҳаст", - гуфт президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов.

Ҷабборов илова кард, ки барои қирғизистониҳо забони русӣ мисли забони қирғизӣ зарур аст. "Зеро бидуни забони русӣ бо кишварҳои ИДМ намешавад ҳамкорӣ кард. Замоне ки мо ба Чин, кишварҳои арабӣ ва Аврупо меравем бо забони русӣ суҳбат мекунем. Бингаред, ки мансабдорон, вакилон чӣ гуна суханронӣ мекунанд: ниме ба русӣ, ними дигар бо қирғизӣ. Касе аз мо ба таври комил забони русӣ ё қирғизиро намедонад", - шарҳ дод Ҷабборов.

Вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров қонуни нави Қирғизистонро "Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Қирғизистон" шарҳ дод. Дар ин қонун муайян шудааст, ки кадом бахшҳо ва кадом афроди масъул бояд ба таври ҳатмӣ дар коргузории худ аз забони давлатӣ - қирғизӣ истифода баранд.

Лавров, вазири корҳои хориҷии Русия дар мулоқоте бо роҳбарони созмонҳои ғайридавлатии Русия рӯзи 19 июл гуфтааст, "барои густариш додани забон, фарҳанг, таҳсилоти русӣ дар хориҷ бояд талош карда шавад".

Вай гуфтааст, ки "айни замон равандҳои душвор, аз ҷумла дар паҳнои ИДМ идома доранд". Лавров афзудааст, ки "дар Осиёи Марказӣ қонунҳо ба таври фаъол қабул мешаванд". "Чанд моҳ пеш дар Қирғизистон қонун қабул шуд. Вақте ҳанӯз идеяи қонун пайдо шуда буд, мо ҳамтоёни қирғизистониро огоҳ карда будем, ки он чандон демократӣ нест. Дар назар дорам, маҷбур кардан, ки ҳамаи мансабдорон забони қирғизиро донанд ва бо он кор кунанд. Дар қатори кормандони давлатӣ табибону омӯзгорон ҳам шомил шудаанд", - гуфтааст Лавров.

Президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов рӯзи 17 июл қонун "Дар бораи забони давтии Ҷумҳурии Қирғизистон"-ро имзо кард.

Бино ба ин қонун, ҳамаи ходимони давлативу маҳаллӣ, аз ҷумла вакилони порлумони маҷлисҳои маҳаллӣ, кормандони Бонки миллӣ ва раёсатҳо, додрасҳо, додситонҳо ва вакилони мудофеъ, нотариусҳои давлатӣ, пизишкон ва ходимони бахши таҳсилот бояд забони давлатӣ, яъне қирғизиро донанд.

Ба ҷуз ин забони қирғизӣ дар ҷараёни омодагӣ ба интихоботу раъйпурсиҳо, дар баррасиҳои додгоҳӣ, коргузорӣ, ҳангоми таҳияи санадҳо, инчунин ҳангоми бастани созишномаҳои байналхалқӣ бояд истифода шавад. Чунин талаб аз бахшҳои дигар, аз ҷумла таблиғ, бахши хидматрасонӣ, телевизиону радиошунавонӣ, расонаҳо, нашри китобҳо ва ғайра низ карда мешавад.

XS
SM
MD
LG