Ссылки доступа

Муштазни қазоқистониро баъди латту кӯби шаҳрванди Қирғизистон дар ҷустуҷӯи байналхалқӣ эълом карданд


Хабари ҷустуҷӯи Бейбут Шуменов - муштазин қазоқистонӣ дар сомонаи мақомоти Қазоқистон нашр шуд.

"Ин шаҳрванд дар ҷустуҷӯи байналхалқӣ эълом шудааст", - омадааст дар хабар.

Пештар Кайрат Сунтаев, муовини вазири корҳои дохилии Қазоқистон гуфта буд, ки Бейбит Шуменов - муштзани қазоқистонӣ дар латту кӯби марде гумонбар аст.

"Бо моддаи авбошӣ парванда боз шудааст. Вай хеле вақт аст, ки муштзанӣ намекунад. Санҷиши хидматӣ идома дорад, вай ҷазо хоҳад гирифт", - гуфт Кайрат Сунтаев.

Навори ҳамлаи Шуменов ба марди ношиносе дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн шуд. Ин ҳодиса миёнаҳои моҳи июл дар шаҳри Остонаи Қазоқистон рух дода буд.

XS
SM
MD
LG