Ссылки доступа

Дар Самарқанд як мард давоми якуним сол нисбати хоҳарзодаи ноболиғаш хушунати ҷинсӣ раво дидааст


Дар яке аз ноҳияҳои вилояти Самарқанди Узбекистон духтари 10-сола аз моҳи феврали соли 2022 то моҳи июни соли 2023 аз сӯи тағои 45-солааш хушунати ҷинсӣ дидааст. Дар ин бора тарҳи Nemolchi.uz бо такя ба манобеи худ хабар медиҳад.

Бино ба иттилои мақомоти Узбекистон, "Н.Т., соли таваллудаш 1978 нисбат ба духтараки хурдсол аз неру ва таҳдид кор гирифта, хушунати ҷинсиро раво дидааст".

Нисбати мард бо моддаи "Раво дидани амалҳои фаҳшо нисбати фарде, ки бармало ба синни 14 нарасидааст" парванда боз шудааст. Барои ин ҷиноят дар Узбекистон аз 5 то 8 сол зиндон пешбинӣ шудааст. Айни замон мардро боздошт кардаанд.

NeMolchi.uz - тарҳи иттилоотии мустақиле аст, ки соли 2017 бо ҳадафи ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеа ба хушунат нисбати занон сохта шудааст.

XS
SM
MD
LG