Ссылки доступа

Аҳолии Узбекистон ба бештар аз 36 млн 370 ҳазор расидааст


Бино ба вазъияти 1 июли соли ҷорӣ теъдоди онҳое, ки ба таври доимӣ дар Узбекистон зиндагӣ мекунанд, ба 36 млн 372 ҳазору 300 кас расдиааст. Бино ба гузориши Оҷонси омори он кишвар, ин нишондод нисбати ҳамин давраи соли гузашта 2,2 дарсад зиёд аст.

Ба иттилои Оҷонси омор, теъдоди занон дар Узбекистон 18 млн 66 ҳазор ва теъдоди мардон 18 млн 306 ҳазору 300 касро ташкил додааст.

Аз шумори умумии аҳолӣ 18 млн 557 ҳазору 500 кас дар шаҳрҳо ва 17 млн 815 ҳазору 800 кас дар деҳот зиндагӣ мекардаанд.

Узбекистон сераҳолитарин кишвари Осиёи Марказӣ ва дар сатҳи ҷаҳон аз рӯи теъдоди аҳолӣ дар мақоми 41 қарор дорад.

XS
SM
MD
LG