Ссылки доступа

Бонкҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Арманистон ҳамкориро бо "Юнистрим" қатъ карданд


Ду бонки Узбекистон, шаш бонки Қирғизистон ва чаҳор бонки Арманистон ҳамкориро бо низоми пардохти русиягии "Юнистрим" қатъ карданд. Рӯзи 20 июл низоми "Юнистрим" аз сӯи ИМА таҳрим шуд.

Чанд бонки Қазоқистону Гурҷистон низ ҳамкориро бо "Юнистрим" қатъ кардаанд. Дар Тоҷикистон "Ориёнбонк" ва бонки "Ҳумо" низ доду гирифтро бо "Юнистрим" манъ кардаанд.

"Юнистрим" - яке аз низомҳои маъруфи интиқоли маблағ аз Русия ба кишварҳои пасошӯравӣ аст. Ин низом бо бештар аз 30 кишвари дунё кор мекард. Ин низом бештар барои муҳоҷирони меҳнатӣ ошно аст, ки барои хонаводаҳояшон аз Русия тавассути он маблағ интиқол медиҳанд.

"Юнистрим", Contact ва "Золотая корона" барои русиягиҳое, ки баъди ҳамлаи густардаи Русия ба Украина кишварашонро тарк карданд, хидмат мерасонанд.

XS
SM
MD
LG