Ссылки доступа

Додгоҳи Қирғизистон вазири пешини он кишвар Динора Кутмановаро ба ҳабси пешакӣ гирифт


Динора Кутманова - вазири пешини захираҳои табиӣ, экологӣ ва назорати техникии Қирғизистон, ки бо гумони фасодкорӣ боздошт шуда буд, то 9 август ба ҳабси пешакӣ гирифта шуд.

Ин қарорро додгоҳи ноҳияи Якуми майи шаҳри Бишкеки Қирғизистон рӯзи 24 июл содир кардааст.

Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон (КДАМ) пештар аз боздошти Динора Кутманова хабар дода буд.

КДАМ ӯро "илҳомбахши калидӣ ва созмондиҳандаи асосии амалҳои коррупсионӣ" дар ниҳоди зери тобеаш номидааст. Ба иттилои КДАМ, далелҳо мавҷуданд, аз ҷумла нишондоди иштирокчиёни низоми фасодолуд, инчунин натиҷаҳои рӯбарӯсозии айбдоршавандаҳои дигар бо вазири пешин.

Тафтишот мегӯяд, Динора Кутманова "бо дар ихтиёр доштани ҳамаи салоҳият, сарфи назар аз эътимоди мақомоти олии ҳокимият, бо назардошти манофеи шахсии худ ва ҳадафҳои ғаразнокаш шабакаи фасодолуди азхудсозии маблағҳои давлатиро ба роҳ монда буд".

Ба иттилои тафтишот, Кутманова на танҳо зердастон, балки хешовандонашро ҳам "ба фаъолиятҳои коррупсионӣ ҷалб кардааст".

Динора Кутманова пештар дар суҳбат бо расонаҳо гуфта буд, ки нисбати вай мақомот иттилои якҷониба ва нодуруст ҷамъ меоранд. Вай дахолати пайвандонашро дар умури вазорати захираҳои табиӣ рад карда буд.

XS
SM
MD
LG