- Сар аз ҳафтаи оянда дар Тоҷикистон пардохтҳои давлатӣ бояд пурра ғайринақдӣ бошад. Коршиносон мегӯянд, низоми нақдӣ ҳам набояд аз байн равад (видео)
- Як зан дар Кӯлоб мушкили кӯҳнаи худу ҳамсояҳоро ҳал кард.
Як сокини шаҳри Кӯлоб дар хонааш ҳавзи хурде сохтааст, ки дар он барои ҳамсояҳош оби нӯшиданӣ захира мекунад. Дар маҳаллае, ки Ойимгул Ҷалилова зиндагӣ мекунад, солҳо боз мушкили дастрасӣ ба оби ошомиданӣ вуҷуд дорад (видео)
- "Дард"-и зимистона, ки дар тобистон рӯ зад. Дар деҳаву ҷамоатҳои шимоли Тоҷикистон шикоят аз бебарқӣ зиёд шудааст. Сокинон мегӯянд, ҳарчанд расман маҳдудияти барқ ба онҳо эълон нашудааст, вале дар як шабонарӯз соатҳо бебарқ ҳастанд. Ин вазъ ба саломатӣ ва таъминоти рӯзгори онҳо таъсир расондааст. Масъулони идораи барқ сабабҳои дигарро пеш меоранд (видео)
- Воридоти мошинҳои куҳна дар Тоҷикистон манъ мешавад?
Мақомоти Тоҷикистон тасмим доранд, ки аз соли оянда дигар мошинҳои кӯҳнаро ба Тоҷикистон роҳ надиҳанд. Бар асоси тарҳи қароре, ки таҳия шудааст, аз соли 2024 танҳо воридоти мошинҳое ба Тоҷикистон иҷоза дода хоҳад шуд, ки аз соли 2013 ба ин тараф истеҳсол шудаанд.
-Чаро муҳоҷирзанони Осиёи Марказӣ дар Русия маҷбуранд аз пулис пинҳон шаванд? (видео)
- Қирғизистониҳо барои хариди мошини обкаш барои боғи ботаникӣ маблағ ҷамъ мекунанд (видео)
- Як занро дар Қазоқистон барои суол додан ба мухолифи давлат як сол ҳабси шартӣ карданд (видео)