Ссылки доступа

Гуруснашинии занон дар маҳбаси Алмато: мақомот тасдиқ карданд


Кумитаи низоми иҷрои ҷазои ҷиноии Қазоқистон рӯзи 26 июл гуруснашинии занонро дар боздоштгоҳи занонаи шаҳри Алмато тасдиқ кард.

Ахиран Айнара Айдархонова, вакили дифои ҳомии ҳуқуқи боздоштшуда Айгерим Тлеужан хабар дод, ки ҳадди ақал ду боздоштшуда гуруснашинӣ эълом кардаанд.

"Дар боздоштгоҳи шаҳри Алмато яке аз боздоштшуда ба раёсати боздоштгоҳ хабар додааст, ки гуруснашинӣ мекунад", - омадааст дар хабари Кумитаи иҷрои ҷазои ҷиноӣ.

Рӯзи 25 июл вакили мудофеъ Айнара Айдарханова бо такя ба нафари зери ҳимояти худ хабар дод, ки занони боздоштшуда гуруснашинӣ эълом кардаанд.

Айдарханова хабар дод, ки занҳо бо эъломи гуруснашинӣ талаби тафтишот ва додгоҳи боадолатонаро доранд.

Моҳи ҷорӣ додгоҳе дар шаҳри Алматои Қазоқистон фаъоли иҷтимоӣ Айгерим Тлеужанро дар доираи парвандаи "ғасби фурудгоҳи Алмато" ҳангоми ҳодисаҳои январии соли 2022, чаҳор сол зиндонӣ кард. Тлеужан ин айбро дар додгоҳ рад карда буд.

XS
SM
MD
LG