Боқиров 31 июл дар суҳбат бо бахши қирғизии Радиои Озодӣ гуфт, худи ӯ дар ҷаласаи додгоҳи шаҳри Бишкек, ки қарори мазкурро бетағйир гузоштааст, иштирок надошт.
"Ман дар истироҳат будам ва дар бораи қарори ахири додгоҳӣ дертар огаҳ шудам. Бо вакили дифоъ машварат кардем ва мехоҳем зидди он ба Додгоҳи олии Қирғизистон шикоят барем", - афзудааст ӯ.
Додгоҳе дар Бишкек 7 июн натиҷаҳои интихоботи порлумонӣ дар ҳавзаи якмандатии Кок-Жарскийро, ки бар асоси он, Боқиров баранда эълом шуд, беэътибор донист. Яке аз номзадҳо ва рақиби Боқиров Равшанбек Рисбоев ба додгоҳ шикоят бурда, дархост карда буд, ки натиҷаҳоро бекор кунад.
Додгоҳи шаҳрии Бишкек 26 июл ин қарорро бетағйир гузошт.