Ба гуфтаи ӯ, масъалаи аз рӯйхати созмонҳои террористӣ берун кардани гуруҳи Толибон дар ҳоли ҳозир баррасӣ намешавад.
"Ин масъала бо ҷомеаи байналмилалӣ, шарикони мо ва ҳамкорон ҳамоҳанг хоҳад шуд", - изҳор доштааст ӯ дар як нишасти хабарӣ дар арафаи ҳамоиши соҳибкорони Қазоқистону Афғонистон, ки қарор аст, аз 3 то 5 август дар шаҳри Остона баргузор шавад.
Тумиш афзуд, намояндагони Афғонистон, ки барои иштирок дар ин ҳамоиш ба Остона мераванд, дар рӯйхати таҳримшудаҳои кишварҳои ҷаҳон қарор надоранд. Қарор аст, дар ин ҳамоиш беш аз 150 намояндаи бахшҳои гуногуни иқтисод иштирок кунанд.
Вай ҳамчунин гуфта, ки гуруҳи Толибон дар баъзе аз кишварҳои бузургтарини ғарбӣ, аз ҷумла ИМА созмонӣ террористӣ эътироф нашудааст ва онҳо метавонанд бо намояндагони гуруҳ дар тамос бошанд.