Обанбори Шардара дар вилояти Туркистони Қазоқистон ҷойгир аст ва он соли 1996 бунёд шудааст. Дарозии обанбор 80 километр ва паҳноии он 25 километр аст.
Қаблан расонаҳо хабар доданд, ки Қазоқистон тасмим гирифтааст, созишномаҳои марбут ба обро бо Узбекистон ва Қирғизистон тағйир диҳад. Ин созишномаҳо истифодаи оби Сирдарёро ба танзим медароранд.
Дар ҷараёни сафари вазири экология ва сарватҳои табии Қазоқистон Зулфия Сулаймонова ба Тошканд созише ҳосил шудааст, ки ҷониби Узбекистон ба обанбори Шардара оби бештар кушояд.