Ссылки доступа

Кабанов гуфт, шарикони Русия набояд ҷанг зидди Украинаро "зархаридӣ" номанд


Узви Шӯрои назди президенти Русия оид ба рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҳуқуқи инсон Кирилл Кабанов қазияи шаҳрванди Қирғизистон Аскар Кубаничбек уулуро, ки барои иштирок дар ҷанги Украина 10 сол зиндонӣ шудааст, шарҳ дод.

Кабанов дар канали худ дар паёмакрасони Телеграм амали кишварҳоеро, ки иштироки шаҳрвандони худ дар ҷанги Украинаро "ҷиноят ва зархаридӣ" эълом кардаанд, "ғайридустона нисбат ба Русия" номидааст.

"Ҳамроҳи ҳамкорон аз вазоратҳои умури хориҷӣ ва дохилии Русия дархост кунем, ки ба Аскар Кубаничбек уулу дар боздоштгоҳи шаҳри Бишкек шиносномаи русӣ дода, озодӣ ва таслими ӯ ба Русияро талаб кунанд", - навиштааст Кирилл Кабанов.

Ба гуфтаи ӯ, дар ғайри сурат, "Русия бояд барои посух додан ба ин амали ғайридустонаи мақомоти Қирғизистон аз тамоми механизмҳои имконпазири фишор истифода барад".

Додгоҳи ноҳияи Якуми майи Бишкек 16 майи имсол Аскар Кубаничбек уулуро барои иштирок дар ҷанги зидди Украина 10 сол аз озодӣ маҳрум кард. Тибқи маводи парванда, Кубаничбек уулу моҳи июни соли 2022 ба ҷанги зидди Украина рафтааст. Ӯ моҳи ноябри соли гузашта аз сафи нерӯҳо ихроҷ ва баъди баргашт ба Бишкек дастгир шуд.

Кубаничбек уулу дар додгоҳ гуфт, дар ҳайати неруҳои ҷудоихоҳон дар ҷумҳурии ба истилоҳ, Луҳанск хидмат мекард ва танҳо дар тақсими кумакҳои башардӯстона иштирок кардааст. Ба гуфтаи Кубаничбек уулу, вай ба хотири дарёфти шаҳрвандии Русия ба ҷанги Украина рафта буд.

XS
SM
MD
LG