Ссылки доступа

Сел ягона пули деҳаи дурдасти ноҳия Лахшро аз байн бурд (гулчин)


Ба расонаҳои минтақа ҳақ дода мешавад, ки аз ин матлабҳо ба сурати комил ва ё ҷузъӣ истифода кунанд. Бо дархости муштариён метавонем ба онҳо шакли аслии наворҳои видеоиро фиристем. Онҳо, инчунин, метавонанд матлаби дилхоҳи худро аз махзани Директ истифода кунанд.

- Сел ягона пули деҳаи дурдасти ноҳия Лахшро аз байн бурд. Селе, ки рӯзи 21-уми июл ба ноҳияи Лахш сарозер шуд, пеш аз ҳама заминҳои кишт ва ҳам ҳосили то ҳоло ҷамъоваришударо осеб расонид. Кишоварзон маҷбур ҳастанд барои наҷоти ҳосили картошка аз рӯи пули ларзон убур кунанд. Азиятҳои сокинони деҳоти Лахш дар гузориши Мӯъмин Аҳмадӣ тақдим мешавад. (видео)

- Тоҷикистон муҷаввизи кори нерӯгоҳи барқи обии Сангтӯда-1-ро тамдид накардааст. (видео)

- Додгоҳи Русия афродеро, ки дар оташ задан ва куштори муҳоҷирони тоҷик айбдор мешуданд, бегуноҳ эълон кард. Додгоҳи шаҳри Иркутски Русия як пулис ва се сокини маҳаллиро, ки дар ҳодисаҳои ду сол пеш дар оташ задани вагони зисти муҳоҷирон ва куштани ду тан аз онҳо айбдор мешуданд, бегуноҳ донистааст.

- Сокинони деҳаи назди корхонаи тилои "Зарафшон" аз бӯйи бад шикоят доранд. Аммо Кумитаи ҳифзи муҳити зист исрор меварзад, ки амали ин корхона мутобиқ ба меъёр аст. (видео)

- "Занон мегӯянд, хайр чӣ шудааст? Мо ҳам сабр кардем.” Як пажӯҳиши нави Барномаи Рушди Созмони Милал айни чизро нишон додааст ки 67 дарсад ба ин бовар будаанд, ки зӯроварӣ ба зан дар оила кори маъмулист. Аз ҷумла зану мард дар Тоҷикистон ҳам гуфтаанд “латукӯби занонро ҷоиз медонанд”.

- Санҷиши ғайринавбатии афсарони БДА баъди садамаҳои маргбор дар Тоҷикистон.​ Баъди силсилаи садамаҳои пурфоҷеа дар роҳҳои Тоҷикистон бо ширкати эҳтимолии ходимони полиси роҳ ё бозрасии давлатии автомобилӣ, дар ин сохтор санҷиши сартосарӣ ба роҳ монда шудааст.

- Чаро оилаҳои ҷангиёни бозгашта аз Сурияву Ироқ то ҳол аз наздиконашон ҷудо ҳастанд?

- Хадамоти алоқа бори дигар ваъда додааст, ки суръати интернетро беҳбуд мебахшад. (видео)

- ​Боздошти муҳоҷирони тоҷик дар Балашихаи Маскав.​ Ҳодисаи навбатии боздошт гурӯҳии муҳоҷирон, аз ҷумла муҳоҷирони тоҷик дирӯз дар маҳаллаи Балашихаи шаҳри Маскав рух дод. Наворҳое, ки ба мо аз ҷониби корбарон фиристода шудаанд, саҳнаи боздошти даҳҳо мардонро намоиш медиҳад, ки аз ҷониби афроди ғайринизомӣ дастгир шуда ба маконе бурда мешаванд. (видео)

- "Салом хоҳар"-барномаи нави Радиои Озодӣ. Бинандаи азиз, ва ҳоло шуморо бо як барномаи нави Радиои Озодӣ ошно мекунем, ки ба зудӣ нашраш оғоз мешавад. Барнома "Салом, хоҳар" ном дорад ва ҳамкорони мо дар Тоҷикистон ва Прага онро омода мекунанд. Зарангези Наврузшоҳ яке аз муаллифон аст (видео)

- Дар Кӯлоб садамаи маргбор бо иштироки "собиқ афсари бозрасии давлатӣ" таҳқиқ мешавад (видео)

- Сар аз ҳафтаи оянда дар Тоҷикистон пардохтҳои давлатӣ бояд пурра ғайринақдӣ бошад. Коршиносон мегӯянд, низоми нақдӣ ҳам набояд аз байн равад (видео)

- Як зан дар Кӯлоб мушкили кӯҳнаи худу ҳамсояҳоро ҳал кард.
Як сокини шаҳри Кӯлоб дар хонааш ҳавзи хурде сохтааст, ки дар он барои ҳамсояҳош оби нӯшиданӣ захира мекунад. Дар маҳаллае, ки Ойимгул Ҷалилова зиндагӣ мекунад, солҳо боз мушкили дастрасӣ ба оби ошомиданӣ вуҷуд дорад (видео)

- "Дард"-и зимистона, ки дар тобистон рӯ зад. Дар деҳаву ҷамоатҳои шимоли Тоҷикистон шикоят аз бебарқӣ зиёд шудааст. Сокинон мегӯянд, ҳарчанд расман маҳдудияти барқ ба онҳо эълон нашудааст, вале дар як шабонарӯз соатҳо бебарқ ҳастанд. Ин вазъ ба саломатӣ ва таъминоти рӯзгори онҳо таъсир расондааст. Масъулони идораи барқ сабабҳои дигарро пеш меоранд (видео)

- Воридоти мошинҳои куҳна дар Тоҷикистон манъ мешавад?
Мақомоти Тоҷикистон тасмим доранд, ки аз соли оянда дигар мошинҳои кӯҳнаро ба Тоҷикистон роҳ надиҳанд. Бар асоси тарҳи қароре, ки таҳия шудааст, аз соли 2024 танҳо воридоти мошинҳое ба Тоҷикистон иҷоза дода хоҳад шуд, ки аз соли 2013 ба ин тараф истеҳсол шудаанд.

КОРМАНДОНИ МУҲТАРАМИ РАСОНАҲО! БО ҲАЗОРОН НАВОРИ САДОВУ ВИДЕО, АЗ ҶУМЛА, ШАКЛИ АСЛИИ САДОВУ ВИДЕОҲО БО ЗАБОНИ ТОҶИКӢ, КИ БАРОИ ЗАХИРА КАРДАНИ КОРШАРИКОН ДАСТРАС ҲАСТАНД, ОШНО ШАВЕД!

XS
SM
MD
LG