Ссылки доступа

Дар Қазоқистон кормандони "Интергаз Центральная Азия" маоши бештар талаб доранд


Кормандони ширкати "Интергаз Центральная Азия" 1 август ба унвонии президенти Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев, раиси ҳукумати вилояти Манғистау Нурлан Ногаев ва раиси ширкати миллии ин кишвар - "QazaqGaz" Санҷар Жаркешов муроҷиати видеоӣ нашр карданд.

Онҳо бо ин муроҷиати худ, ки дар Интернет нашр шудааст, талаб кардаанд, то маошашон сад дар сад зиёд шавад.

Яке аз ин кормандони норозӣ дар суҳбат бо бахши қазоқии Радиои Озодӣ гуфт, соли гузашта ба далели афзоиши таваррум талаб карда буданд, ки маошашон зиёд карда шавад. Дар қарордоде, ки имсол бо кормандон имзо шуд, ҳаҷми маоши онҳо танҳо 4,5 дарсад бештар дарҷ гаштааст. Вале кормандон талаб доранд, ки маоши онҳо сад дар сад афзоиш ёбад.

"Сатҳи таваррум дар кишвар имсол 20,3 дарсадро ташкил дода, нархи маҳсулоти ғизоӣ 25 дарсад ва маводи ниёзи аввал 19,5 дарсад гаронтар шудааст. Бо назардошти гароншавии нархи тарифҳои хидматрасонӣ мо талаб дорем, ки маоши мо аз моҳи январи имсол сад дар сад зиёд шавад", - изҳор дошт нафаре, ки дар навор муроҷиатномаро мехонд.

Дар ширкати "Интергаз Центральная Азия" гуфтанд, ки дар ҳоли ҳозир наметавонанд маоши кормандонро сад дар сад зиёд кунанд.

XS
SM
MD
LG