Тибқи иттилои хадамоти матбуотии Девони вазирони Қирғизистон, нақшаи сохтмони 6 нерӯгоҳи барқии обӣ бо иқтидори 1100 МВт дар ин рудхона ҳанӯз дар солҳои 1982-1987 таҳия шуда буд.
"Аммо ин лоиҳа дар тӯли солҳои истиқлолият амалӣ нашуд. Бинобар ин, ҳоло барои иҷрои он сармоя ҷустуҷӯ мешавад", - афзудааст манбаъ.
Сарвазири Қирғизистон моҳи август бо сафари корӣ ба Чин меравад ва қарор аст, дар ҷараёни ин сафар масъалаи сармоягузорӣ ба бунёди неругоҳҳо дар рудхонаи Сариҷаз баррасӣ шавад.