Ба гуфтаи Саткалиев, бахши энержии Қазоқистон имкон дорад, ки неруи барқи барзиёдро содир кунад, аммо то ҳанӯз бо ширкати майнингии Қирғизистон дар бораи хариду фурӯши барқ шартномаи мушаххасе мавҷуд нест.
Вазир ба суоли рӯзноманигорон дар бораи он ки оё Қирғизистон аз 1 август аз Қазоқистон барқ мехарад, вазир чунин посух дод:
"Барои ман вақт лозим аст, ки иттилоъро дақиқ кунам. Мо танҳо ҳаҷми барқеро муайян кардем, ки метавонем содир кунем ва ҳеч шартномаи мушаххасе мавҷуд нест".
Пештар бахши қирғизии Радиои Озодӣ дар таҳқиқоти рӯзноманигорӣ аз ширкати майнингие дар вилояти Чуйи Қирғизистон хабар дод, ки сарфи назар аз буҳрони энержӣ ва ҷорисозии маҳдудият аз сӯи мақомот, ҳаҷми зиёди неруи барқро истифода мекунад.
Ширкати майнингӣ неруи барқро бештар аз корхонаҳои "Алянс-Олтин" ва ё "Достон" истифода мебарад.
Баъди нашри таҳқиқот мақомоти Қирғизистон ба ширкат иҷоза доданд, ки шуруъ аз 1 август барқро аз хориҷ ворид кунанд.