Додгоҳ Нурлан Масимовро бо мусодираи амвол 10 сол зиндон кард. Масимов дар фасодкорӣ айбдор шуд. Вай айби эъломшударо напазируфт. Нурлан Масимов - писарамаки Карим Масимов, раиси пешини Кумитаи амнияти миллии Қазоқистон аст.
Дмитрий Куряченко, вакили мудофеи Нурлан Масимов гуфт, ба зинаҳои болоии додгоҳ шикоят мебаранд.
Нурлан Масимов моҳи ноябри соли 2019 сардори пулиси вилояти Павлодар таъйин шуд. Ӯро моҳи январи соли 2022 аз мақом барканор карданд.