Ссылки доступа

Дар Қазоқистон кормандони "Казахмыс" коршиканӣ карданд


Беш аз 100 корманди ширкати Казахмыс" дар вилояти Улитауи Қазоқистон корпартоӣ карданд.

Ба гуфтаи эътирозгарон, як қисми кормандон дар дохили шахтаҳо ҳастанд ва қисми дигар дар берун. Онҳо ба раҳбарияти ширкат 15 талаб пешниҳод кардаанд.

Яке аз талабҳои асосии корпартоён беҳтар кардани шароити корӣ, як соли кори кормандонро якуним соли корӣ эътироф кардан, нав кардани таҷҳизоти шахтаҳо, шарҳ додани норасоии кормандон, афзоиш додани рухсатии кормандон ва баланд бардоштани маош аст.

Эътирозгарон ҳамчунин талаб доранд, ки шартҳои бимаи ихтиёри тиббии кормандон иваз карда шаванд.

XS
SM
MD
LG